Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфраструктураи Ҷумҳурии Молдова

30 январи соли 2018 дар ш. Кишинёв Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев бо Котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфраструктураи Ҷумҳурии Молдова – Раиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ аз ҷониби Молдова Хонум Юлиана Драгалин мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Молдоваро дар соҳаҳои мухталиф мубодилаи афкор намуда ба таври мушаххас баррасӣ намуданд. Инчунин қайд гардид, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳо бо назардошти имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар ба талабот ҷавобгӯй нест.

Дар мулоқот масоили омодагии тарафҳо ба ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова роҷеъ ба иқтисод, савдо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, ки дар ш. Кишинёв моҳи феврали соли 2018 дар назар дошта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj