Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусоҳибаи рӯзноманигорони навраси Чин бо Сафири Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода 31 январи соли ҷорӣ бо рӯзноманигорони наврас мулоқот намуд.

“Тоҷикистон ва Чинро куҳҳои сарбаланд, дарёҳои серобу босуръат муттаҳид намуда, сарҳади мо таҷҷасумгари сулҳу ҳамкорӣ мебошад. Мо ҳамсояҳои нек ва шарикони боэътимод ҳастем. Мо мехоҳем, ки рӯзноманигорони наврас дар бораи Тоҷикистони ҳамсоя маълумоти бештар дошта бошанд, ҷонибдори дӯстии устувори Тоҷикистону Чин бошанд, онро ҳифз намуда, иштирокчии фаъоли ҳамкории ду кишвар гарданд” –изҳор намуд Сафир Парвиз Давлатзода.

Сафир инчунин ба мактаббачагони Чин дар бораи кишвари хеш, рушди фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистони муосир, идҳои миллии “Сада”, “Наврӯз” ва Мехргон”, оид ба муҳим будани тавсеаи ҳамкориҳои дар соҳаи фарҳанг ва маориф ва рушди сайёҳии фарҳангию таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Чин маълумот пешниҳод кард.

Дар рафти вохӯрӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони наврас мусоҳибаи аввалини хешро анҷом бахшиданд. Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба ҳамаи саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дод.

Дар анҷоми чорабинӣ Сафири Тоҷикистон П.Давлатзода рӯзноманигорони навраси Чинро бо фарорасии иди Баҳор табрик намуда, ба онҳо муваффақият ва комёбиҳои эҷодӣ таманно намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj