Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси шаҳри Лиенюнган

30 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии ЧинПарвиз Давлатзода бо муовини Раиси шаҳри Лиенюнгани музофоти Тзянсу хонум У Хайюн баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Лиенюнган хонум У Хайюн ҷиҳати иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар Панҷумин ЭКСПО-и байналмилалии логистикии Роҳи абрешими Чин, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ш.Лиенюнган баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи бандари муосири баҳрии шаҳри Лиенюнган изҳор назар намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj