Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

31 январи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Урхан Алекперов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо табодули афкор намуда, ҷиҳати эҷоди ҳамкориҳои амалии дуҷониба дар соҳаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд.

Пас аз муҳокимарониҳо, тарафҳо ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба тавофуқ расиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj