Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

3 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳенри Эншерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди робитаҳои мутақобилан судмандро, аз ҷумла дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамсӯҳбатон ҳамзамон масъалаҳои рушди минтақавӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амниятиро муҳокима намуданд.

Дар мулоқот Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт ҳузур дошт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj