Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА

4 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА (сарпарасти ҳамкориҳои АМА бо созмонҳои байналмилалӣ) ҷаноби Ёқуб ал Ҳусанӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ба муовини Вазир даъватномаҳои ҷониби Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018)  ва  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 20-22 июни соли 2018) супорида шуд. Даъватномаҳо бо камоли сипос пазируфта шуданд.

Инчунин зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону АМА дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj