Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи 3-уми Прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Дар санаҳои 30-31-уми январи соли 2018 дар ш. Исломобод Ҷаласаи 3-уми Прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода ширкат намуд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни давлатҳои аъзо дар масъалаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи байналмилалӣ, қочоқи маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва фасод баррасӣ шуданд. Инчунин рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни муассисаҳои таълимии прокуратураҳо муҳокима гардиданд.










© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj