Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус

6 феврали соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Андрей Евдоченко сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои гузаронидани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва инчунин намоишгоҳи маҳсулотҳои беларусӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018-ро баррасӣ карданд.




© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj