Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

15 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани  шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj