Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

19 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.

Зимнан ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дошт.

Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj