Тоҷикӣ | Русский | English  

Паёми иттилоотӣ оиди кушода шудани нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон

Имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбудии қобили таваҷҷӯҳе дар  муносибатҳо миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба  мушоҳида мерасад.

Яке аз намунаҳои боризи дар  амал татбиқ намудани талаботи   созишномаҳо  ифтитоҳи расмии 9 нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад, ки 1 марти соли 2018 сурат гирифт.

Гузаргоҳҳои автомобилии «Саразм» (муқобили «Ҷартеппа»), Ҷумҳурии Узбекистон «Уро-Теппа» («Кушкент»), «Ҳавотоғ» («Учқурғон»), «Зафаробод» («Ҳавастобод»), «Ҳаштяк» («Бекобод»), «Навбунёд» («Поп»), «Равот» («Равот»), «Айвоҷ» («Гулбаҳор») ва    гузаргоҳи роҳи оҳани  «Хошади» («Амузанг») кори худро дубора оғоз  намуданд.

Интизор меравад,  ки аввалин  қатори мусофирбар бо хатсайри  «Кулоб-Москва» тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани "Хошади" (Амузанг)   7 марти соли 2018  ба роҳ барояд.

Маросими  кушодашавии  нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ  ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду кишвар сурат гирифт.

Ин руйдод, ки  мардумони ҳар ду кишвар  аз дер боз интизори он буданд, рафту омади шаҳрвандони ҳар ду кишварро ба таври чашмгир осон менамояд ва дар натиҷа барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хизмат хоҳад кард ва  дар маҷмӯъ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj