Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ноиби президенти ширкати Сименс

1  марти соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо ноиби президенти ширкати олмонии Сименс оид ба ҳамкориҳо бо ҳукуматҳо, масъули минтақаи ИДМ ва Осиёи Марказӣ ҷаноби д-р Ҳанс-Петер Бом баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ширкати шинохтаи олмонии Сименс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, табодули назари судманд роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва гидроэнергетикӣ сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj