Тоҷикӣ | Русский | English  

Маърӯзаи Сафир дар Донишгоҳи байналмилалии Ала-Тоо

28 феврали соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода аз Донишгоҳи байналмилалии Ала-Тоо боздид карда, барои донишҷӯён бахшида ба 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон маърӯза хонд.

Дар маърӯзаи худ Сафир ба наздикии таърихии Тоҷикистон ва Қирғизистон  диққати махсус дода, оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни ду кишвар нақл кард.

Баъд аз маърӯза Сафир бо Ректори Донишгоҳ С.С.Эрдолатов вохӯрд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва имконияти барқарор кардани алоқаҳои бевоситаи байнидонишгоҳиро муҳокима карданд.  

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj