Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек

2 марти соли 2018 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек доир гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон иттилооти муфассалеро оид бо фаъолиятҳои ҳамарӯзаи кишвари мо дар бахши муборизаи муваффақ ва мунтазам бар зидди ҳар гуна зуҳуроти ин падидаи шум ба намояндаи воломақоми Парлумони Аврупо ироа кард. Суҳбати доманадор пиромуни зарурати ҳамкориҳои босамари ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ширкати Парлумони Аврупо дар конфронси қарибулвуқуъ дар мавзуи “Мубориза алайҳи терроризм ва радикализм”, ки баргузориаш 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, низ баррасӣ шуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj