Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафири Тоҷикистон ба осорхонаи мардумшиносии Берлин намунаи ҳунари мардуми тоҷикро тақдим кард

Рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ташриф оварда, бо директори осорхона проф. Ларс-Кристиан Кох дидору мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ байни Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби олмонӣ иттилоъ дод, ки бо ибтикори Пешвои Миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом гардидааст. Ҷониби олмонӣ омодагии худро барои ташкили намоиши асарҳои рассомони тоҷик ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар бинои нави худ изҳор намуд.

Дар хотимаи сӯҳбат Сафир ба Осорхонаи мардумшиносии Берлин намунае аз ҳунари мардумии тоҷик – чодари чаканро тӯҳфа намуд.  

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj