Тоҷикӣ | Русский | English  

Гуфтушуниди навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Аз 6 то 8 марти соли 2018 дар ш.Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссиияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекстон, ки 24 феврали соли 2018 дар ш.Фарғона ба имзо расида буд, замимаҳои зарурӣ ба лоиҳаи Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки баимзорасонии он дар рафти сафари давлатии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев дар назар аст, омода ва барасмият дароварда шуданд.

Музокирот дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj