Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Президенти AZPROMO

7 марти соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Президенти Фонди пешбурди содирот ва сармоягузории Озарбойҷон (AZPROMO), Руфат Мамедов, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ дар истихроҷи маъдан ва коркарди маъдан, гидроэнергетика, саноат, металлургия ва алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj