Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти аъзои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронси Душанбе

8 марти соли 2018 дар Дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ машварати аввалини аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, баргузор гардид. Дар он Намояндагони доимии Бразилия, Миср, Эфиопия, Ҷамайка, Қатар, Индонезия ва Россия ширкат намуданд.  

Зимни мулоқот Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун мизбони ҷаласа оид ба масъалаҳои амалисозии ташаббуси нави Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи болозикр (20-22 июни 2018, Душанбе) маълумоти муфассал пешкаш намуд, Иштирокдорони ҷаласа фикру мулоҳизаҳои худро дар робита ба нақшаи корӣ ва барномаи Конфронс баён намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj