Тоҷикӣ | Русский | English  

Тавзеҳот дар бораи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.

Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст,  то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад.

Вазорати корҳои хориҷӣ  дар якҷоягӣ бо шарикони узбекистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор   талоши заруриро анҷом медиҳад.

Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавон убур кард.

Дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj