Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Берлин

9 марти соли 2018 дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилаллии Берлин 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорат ҳамоиши сайёҳӣ ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Ба ин чорабинӣ роҳбарони 16 ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо роҳбарии муовини аввали Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Амирбекзода, роҳбари намояндагии Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон хонум Керстин Лаабс, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Олмон, Кумитаи шарқи иқтисоди Олмон, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон, аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик даъват гардиданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов кушода, ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Олмонро василаи ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард. Муовини аввали Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Амирбекзода ба ҳозирин оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳадафҳои неки Пешвои Миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал дод. Инчунин дар рафти кори ҳамоиш роҳбари намояндагии Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон хонум Керстин Лаабс, муаллифи китоби “Роҳнамои сайёҳ ба Тоҷикистон” ба забони олмонӣ хонум Дагмар Шрайбер ва роҳбари ширкати сайёҳӣ Садулло Ҳасанов баромад карда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Сафорати Тоҷикистон гӯшаҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ таҳия карда, ба маърази меҳмонон пешниҳод намуд.   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj