Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории Конфронси «Тоҷикистон-Покистон: Кашфи самтҳои нави ҳамкории дуҷониба»

9 апрели соли 2018 дар ш. Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон (CGSS) Конфронс таҳти унвони «Тоҷикистон-Покистон: Кашфи самтҳои нави ҳамкории дуҷониба» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони марказҳои илмию тадқиқотии кишвари иқомат, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва дигар аъзоёни корпуси дипломатӣ, рӯзноманигорони васоити ахбори омма ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ ва саноатии Покистон иштирок доштанд.

Конфронсро Президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон, Муҳаммад Зоҳир-ул-Ислом ҳусни оғоз бахшида, дар баромади худ ҷанбаҳои калидии муносибатҳои дуҷонибаро бо Покистон  тафсир дода, аз ҷумла афзуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон яке ҳамсоягони наздики Покистон буда, ҳар ду кишвар дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ мебошанд».

Вай ҳамчунин гуфт, ки иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумули бузургтарин ва нодиртарин мебошад ва бо инобати эҳтиёҷоти рӯзафзуни Покистон ба қуввваи барқ бояд ба рушди ин самт байни ду кишвар аҳамияти махсус дода шавад.

Баъдан сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Роҳнамо дар мавзӯи  сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва равобити он бо кишварҳои минтақа, сардори раёсати тадқиқотҳо дар соҳаи иҷтимоёти ҳамин Марказ Қурбонов А. Ш. дар масъалаи равобитҳои таърихӣ-фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Покистон, намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ Абдураҳмонов М. оид ба таърихи 25 солагии равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Покистон ва вазифаҳои дар пешистода, инчунин сафири Тоҷикистон Ҷононов Ш.С. дар мавзӯи «лоиҳаи CASA-1000 ва имкониятҳои нави ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика» маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷониби Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Покистон (CGSS)  собиқ котиби федеролии Покистон оид ба иттилоот  Ашфақ Аҳмад Гондал дар мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи иттилоот,  аъзои Шӯрои Маркази мазкур, сафир Амҷад Маҷид Аббосӣ дар мавзӯи «Назаре ба ҷанбаҳои таърихии рушди муносибатҳои дуҷониба» ва роҳбари бонки «Silkӣank» Ҷавод Маҷид дар бораи дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистону Покистон маърӯзаҳо намуданд.

Дар хатми конфронс иштирокчиёни он қайд намуданд, ки равобити Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи самтҳо бе майлон рушд менамояд. Хулоса карда шуд, ки иқтидорҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон хело бузурганд ва бояд ҳамкории илмӣ ва тадқиқотӣ тавсеа дода шавад, то он тавонад ба кӯшишҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо таҳдид ва мушкилотҳои нав мусоидат намояд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj