Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти Ширкати металургии Боку

10 апрели соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Президенти ширкати металургии Боку Расим Мамедов, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Сафир ба ҳамсуҳбати хеш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин ҳолати кунунии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни кишварҳо иттилоъ дод.

Р.Мамедов омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуд.

Ҷонибҳо чораҳои мушаххасро ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, гидроэнергетика, саноат, металлургия ва ангишт мавриди муҳокима қарор доданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj