Тоҷикӣ | Русский | English  

Ифтитоҳи намоишгоҳи расмҳо бахшида ба Соли фарҳангӣ дар ИДМ

10 апрели соли 2018 дар ш. Мински Ҷумҳурии Беларус маросими ифтитоҳи намоишгоҳи наққошиҳо ва графика таҳти унвони "Мувофиқӣ дар гуногунӣ» (“Гармония в многообразии”) бахшида ба Соли фарҳангӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавӣ, бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми раиси Кумитаи иҷроия – Муовини котиби иҷроияи ИДМ Виктор Гуминский, Раиси Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар, Директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Беларус Владимир Прокоптсов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод баромад намуданд.

Сафир Маҳмадшариф Ҳақдод дар зимни суханронии худ муҳимияти ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарии кишварҳои ИДМ-ро таъкид карда, қайд намуд, ки дар доираи раисии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 ҳамчун Соли фарҳангӣ эълон карда шудааст, ки он василаи муколамаи байнифарҳангӣ ва байналмилалӣ дар асоси ҳифзу рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ мегардад.

Намоиши наққошиҳои «Мувофиқӣ дар гуногунӣ» аз маҳсули рассомони кишварҳои ИДМ аз хазинаи Осорхонаи таърихии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Осорхонаи миллии санъат ва Китобхонаи президентии Ҷумҳурии Беларус манзур гардида буд.

Дар доираи маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар ҶБ Маҳмадшариф Ҳақдод аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввараи рассоми ҷавони тоҷик А. Давлат «Чилдухтарон»-ро ҳамчун туҳфа ба ҷониби Беларус тақдим намуд.

Дар баробари ин, Сафир ба иттилои ҳозирин расонд, ки соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ва аз фурсат истифода бурда, диққати меҳмононро ба тамошои филми сайёҳӣ дар бораи ёдгории маъруфи, табиӣ ва таърихии Тоҷикистон бо номи “Чилдухтарон” ҷалб намуд.

Дар анҷом, М. Ҳақдод ҳозиринро барои ба Тоҷикистон сафар кардан ва пайдо намудани имконияти дидани водии “Чилдухтарон”, ки дар фасли баҳор махсусан зебо ва ҷолиб мегардад, даъват намуд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj