Тоҷикӣ | Русский | English  

ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ НАВРАСОНИ ЧИН БА ФАРҲАНГУ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

9 апрели соли равон дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин мулоқот бо гурӯҳи рӯзноманигорони наврас аз шаҳри Тиенҷини кишвари иқомат доир гардид.

Ҳангоми мулоқот дипломатҳои тоҷик ба наврасони чинӣ дар бораи марҳилаҳои мухталифи таърих, фарҳанги бою қадима ва анъанаҳои миллии тоҷикон маълумот дода, аз ҷумла таъкид бар он намуданд, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои ҳамсояи дӯст ва шарикони боътимод мебошанд.

Чунин нишасти ғайриоддӣ, ки инак бори дуюм аст бо ибтикори Анҷумани рӯзноманигорони наврас доир мегардад, шаҳодат аз он медиҳад, ки таваҷҷӯҳи насли навраси Чин ба фарҳангу таърихи тоҷикон зиёдтар мегардад.

Дипломатҳои тоҷик ба саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дода, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстони худро дар Тоҷикистон пайдо кунанд, бо падару модарашон ба Ватани зебои тоҷикон ба сайру саёҳат раванд.

Дар анҷоми чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба ташкилкунандагони нишаст арзи сипос намуд.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки иртиботи бевосита ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни куҳани миллати тоҷик пешорӯи ҳавасмандон дунёи зебою нотакрореро боз хоҳад кард. Таваҷҷӯҳи рӯзноманигорони наврас ба он ҷалб карда шуд, ки моро лозим аст, ки дар якҷоягӣ ба таҳкиму рушди равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чин ҳамаҷониба мусоидат намоем.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj