13 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Аламро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Бангладешро баррасӣ намуда, бар зарурати таҳкими робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъкид намуданд.
Ҳамзамон дар атрофи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.