Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

16 апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон,   аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj