Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

24  апрели соли 2018  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи  навбатии  Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Пекин ширкат варзид.

Ҳангоми суханронии худ дар ҷаласаи мазкур С.Аслов роҷеъ ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои калидии хамкориҳо дар ҳошияи СҲШ ва дурнамои тақвият бахшидани онҳо, инчунин вобаста ба мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори назар намуд.

Дар ҳошияи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки қарор аст 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин доир гардад, роҳбарони ҳайатҳо як қатор мавзӯъҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро оид ба фаъолияти СШҲ баррасӣ  намуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд. Дар ҷаласа ҳамчунин масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иштирокдорони ҷаласа ба Чин ҳамчун раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай, бахусус корҳои басомонрасондаи ин ҷониб дар ҷодаи омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао, баҳои баланд доданд. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои нишасти мазкур дар таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ, амнияту субот, ҳамсоядорӣ, дӯстӣ, муттаҳидӣ, фароҳам овардани ҳусни боварӣ ва эътимод миёни давлатҳои аъзои ин Созмон мусоидат хоҳад кард.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси муносибатҳои анъанавии кишварҳои аъзои СҲШ мебошад, доир гардид.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj