Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик

Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорату намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Кувайт, Остона, Теҳрон, Анкара, Москва ва Иморот) бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом доданд. Дар натиҷа, санаи 25 апрели соли 2018 чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан бозгардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос мекунад. Иҷрои супориши Пешвои миллат идома хоҳад ефт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj