Тоҷикӣ | Русский | English  

Маълумот оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба кори худ оғоз кард, ки ду рӯз (3 ва 4 май) давом хоҳад ёфт. Беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байнламилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин чорабинӣ иштирок доранд.  

Дар кори  Конфронс роҳбарон ва намояндагони воломақоми  идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Казоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Маҷористон, Швейтсария, Ҳиндустон, Арманистон, Россия, Хитой, ИМА, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британия Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир,  Сурия, Либия ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Дар кори конфронс, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои  тадқиқотӣ  ва ғайра низ ҳузур доранд.

Дар бахши оғозини Конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сипас муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер суханронӣ мекунанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни Конфронс суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири  корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Маҷористон Петер Сийярто, Вазири  корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Давлати Ливия Сиала Муҳаммед, Вазири  корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хурран Дастгир, Вазири  давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Жан-Кристоф Биллиард, муовини Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Агибай Смагулов ва чандин мақоми дигари баландпояи хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳадафҳои конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти  ҷорӣ  дар ростои амалисозии чораҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкориҳо дар самти муқовимат алайҳи  ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.

Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор бо мақсади  табодули таҷриба ва таҳияи барномаи амали дақиқ барои фаъолияти минбаъдаи муштараки ҳамоҳангшуда  дар чорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми  конфронс ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj