Тоҷикӣ | Русский | English  

Матни суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам С. Аслов дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (4 май, Кохи Сомон, ошёнаи 2-юм, Душанбе)

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Шарафёбам ба маълумоти шумо бирасонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои шарик Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро баргузор намуд.

Дар кори  Конфронс беш аз 400 намоянда аз 48 кишвар ва 31  созмони байналмилаливу минтақавӣ, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтарам Президент зимни суханронии пурмуҳтавои худ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба вазъи кунунии минтақаву  ҷаҳон ва тамоюлоти ҷорӣ дар соҳаи амниятро мавриди арзёбӣ қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳо ба хотири ҳифз ва тақивяти сулҳу субот даъват ба амал оварданд.   

Конфронс аз се  ҷаласаи тахассусӣ иборат буд:

1. “Муқовимат бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ:  аз назария ба амал”;

2. “Ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ангезандаи терроризм: муайян кардани афзалиятҳои стратегӣ”;

3. “Мушкилот дар татбиқи чораҳои самарабахши вокуниш ба терроризм, ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ”.

Гузашта аз ин, дар доираи Конфронс, чорабиниҳои зерини канорӣ ташкил карда шуданд:

1. “Чорабинии канории Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Назари Иттиҳоди Аврупо ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он”;

2. Чорабинии канории СММ зери унвони “Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда”;

3. Намоишгоҳи аксҳо ва наворҳои видеоӣ оид ба фаъолияти САҲА.

Аз натиҷаи Конфронси байналмилалӣ санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе қабул гардид.

Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!

Итминони комил дорем, ки Конфронси Душанбе ҳамчун замина платформаи муҳим ҷиҳати ҳамкории созанда, муколамаи самарабахш, маркази ҷалби таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки аҳамияти таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷонибаро ҷонибдорӣ менамоянд, хидмат хоҳад кард.

Имрӯз мо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байни кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати фаъолсозӣ ва тақвияти талошҳоро дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва тундгароиро таъкид намудем.

Ширкаткунандагони Конфронс зарурати тавсеаи заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар масъалаи ошкоркунӣ, огоҳсозӣ ва пешгирии фаъолияти марбут ба терроризми фаромарзӣ, тақвият додани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими иқтидори кишварҳоро таъкид намуданд.

Пайванди ногусастанӣ миёни амният дар минтақа ва вазъият дар Афғонистон низ мавриди таъкид қарор гирифт. Дар ин робита, иштирокдорони Конфронс ба ҳамкории доимӣ дар тамоми соҳаҳои марбут ба таҳкими амният дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Мо боварӣ дорем, ки ин ҳамоиш дар раванди таҳия ва пешбурди ташаббусҳои фарогир оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ саҳми арзандае хоҳад гузошт.

Ба ҳамаи ширкаткунандагони Конфронс барои саҳми назаррас дар пешбурди вазифаҳои Конфронс изҳори сипос менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам. Ҳоло риштаи суханро ба меҳмонон медиҳам. Марҳамат!

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj