Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

5 майи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо мавзӯи суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайнро таъкид намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобил, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj