Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Квон Ён У

8 майи соли 2018 мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) Квон Ён У доир гардид.

Дар рафти мулоқот масоили мубрами густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати фаъол намудани робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ байни ду кишвари дӯст изҳор намуданд. Дар ин росто аҳамияти баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои дуҷониба, таҳкими робитаҳо дар доираи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj