Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт

9 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Али Сайид Сулаймон баргузор гардид.

Зимни мулоқот Сафир ба ҷониби кувайтӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва тундгароии хушунатомез”, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори сипос намуда, натиҷаҳои Конфронси мазкур мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун махсусан дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва мубориза бо терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ гардида, перомуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо дарназардошти манфиатҳои байналмилалӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj