Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ бо Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов

11 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ бо Раиси Палатаи Қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов баргузор гардид. Зимни вохӯрие, ки дар фазои гарми дӯстона ҷараён ёфт, масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафир ба Раис даъватномаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуровро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон супурд, ки он бо арзи сипос қабул гардид. Таърихи сафари мазкур аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj