Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон

11 майи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири маорифи навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейхун Байрамов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи илм ва маориф, инчунин рушди минбаъдаи онҳоро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ояндаи наздик Протокол байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ имзо карда мешавад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj