Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафир дар чорабинии 10-умин солгарди заминларзаи Вэнчуан

11 - 12-уми майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ҷиҳати иштирок дар чорабинӣ бахшида ба 10-умин солгарди заминларзаи Вэнчуан ба музофоти Сичуан сафари корӣ анҷом дод.

11-уми май Котиби кумитаи ҳизбии музофоти Сичуан Пенг Чинхуа бо гурӯҳи сафирони муқими кишвари иқомат ва роҳбарони ташкилотҳои байнамилалӣ мулоқот намуд. Дар рафти ин вохӯрӣ Пенг Чинхуа ба давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои расонидани кӯмак ва дастгирӣ ҳангоми рух додани заминларзаи Вэнчуан изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар бораи бозсозӣ ва рушди босуръати иқтисодии минтақаҳои зарардида маълумот дод.

12 - уми май маросими расмии чорабинии 10 - умин солгарди заминларзаи Вэнчуан баргузор гардид, ки дар он Сафир Парвиз Давлатзода дар баробари намояндагони вазорату сохторҳои давлатӣ ва сафирону намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуд.

12 - уми майи соли 2008 дар ноҳияи Вэнчуани музофоти Сичуан заминларзаи калон ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он 69 ҳазор нафар ба ҳалокат расид, 374 ҳазор нафар зарари ҷисмонии гуногун дид, инчунин 18 ҳазор нафар бедарак шуд. Ин калонтарин заминларза дар таърихи Чини навин ба шумор меравад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj