Тоҷикӣ | Русский | English  

Презентатсияи иқтидори туристии Тоҷикистон бахшида ба соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ш.Тошканд

11 май соли 2018 дар чаҳорчӯбаи соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори  Сафорат дар ш.Тошканд презентатсияи иқтидори туристии Тоҷикистон доир карда шуд.

Ба он корпуси дипломатии муқими ш.Тошканд, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон даъват карда шуданд. Дар маърака Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода суханронӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди инфрасохтори соҳа, ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ, зарурати ташвиқи ҳар чӣ бештари ин имкониятҳо дар ВАО ва роҳу василаҳои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ, минҷумла аз тариқи ташкили хатсайрҳои муштараки туристӣ ибрози ақида намуд.

Ҳамчунин роҳбарони меҳмонхона ва истироҳатгоҳи Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Шаҳристон ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои ин иншоот оид ба қабули меҳмонон, ташкили сафарҳо ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ иттилооти мушаххас доданд.

Дар ҷараёни маърака ба саъми иштирокчиён наворҳо дар бораи табиат, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон пахш гардида, маводҳои тарғиботии туристӣ, ки аз Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида буданд, супурда шуданд.

Дар интиҳои презентатсия якчанд қарордодҳо миёни роҳбарони меҳмонхона ва истироҳатгоҳи Маркази таълимиии Бонки Миллии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии кишвари иқомат ба имзо расиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj