Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт

6 июни соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар хонум Маҳа ал-Барҷис баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои башардӯстона миёни ду кишвар, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт дар самти расонидани кумакҳои хайриявӣ ва башардӯстона ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимон ва ниёзмандон баррасӣ гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj