Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Фиристодаи махсуси Сарвазири Канада дар Иттиҳоди Аврупо ва Аврупо Стефан Дион

19 июни соли 2018 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Фиристодаи махсуси Сарвазири Канада дар Иттиҳоди Аврупо ва Аврупо Стефан Дионро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Канада ва мушорикати ду кишвар дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj