Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Кувайт

27 июни соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона бо иштироки кормандони дипломатии Намояндагӣ ва шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Кувайт баргузор гардид.

Зимни ҷамъомад дипломатҳои тоҷик шаҳрвандонро ба муносибати ин санаи фархунда ва муқаддас табрику таҳният намуда, нақш ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияту истиқрор дар кишвар таъкид намуданд.

Ба ин муносибат дар бинои Намояндагӣ дастархони идона ороста шуда, шаҳрвандон атрофи он бо шукргузорӣ аз амнияту субот перомуни рушду пешрафти кишвар дар даврони Истиқлолият,  боло рафтани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар кишвар ибрози андеша намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj