Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Украина

26 июни соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Сафорат, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилояти Киев, вилоятҳои Харков ва Днепропетровск, гурӯҳе аз ҳамватанони соҳибкор ва шаҳрвандони тоҷики муқими Киев, инчунин донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар Украина таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

Зимни баромади худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Сафири Тоҷикистон ба таври муфассал оид ба марҳилаҳо ва роҳҳои бадаст овардани сулҳу ризоият, аҳамияти ҷаҳонӣ ва таърихӣ доштани таҷрибаи Тоҷикистон дар сарҷамъии миллат ва субот, нақши таърихии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидии ҳамаи қувваҳои пешбаранда ва ҳалли низоъи шаҳрвандӣ, ҳамчунин оид ба дастовардҳои ахири сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълумот дод.

Сафир Ф.Холбобоев қайд намуд, ки маҳз ба шарофати хирадмандӣ ва дурбинии мардуми тоҷик бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба якдигарфаҳмӣ, якдигарбахшӣ, сулҳ ва оштии миллӣ дар замини куҳанбунёди тоҷикон ноил гаштем ва ҳар яки моро зарур аст, то ба қадри ин дастовардҳо, истиқлолияти миллӣ, сулҳ, субот ва оромиши ҷамъиятӣ расида, барои ҳифзи манфиатхои миллату давлати худ кӯшиш намоем.

Инчунин, дар ҷамъомади мазкур роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони “Ваҳдат” Қурбон Ғуломов, намояндаи ҷамъияти донишҷӯёни тоҷикистонӣ Афзалшо Шодиев ва аз номи ҳамватанони собиқадори муқими Киев Собирҷон Азимов оид ба аҳамияти Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон маърӯза намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj