Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Минск

27 июни соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат, ҳамватанони муқими Беларус, донишҷӯён ва аспирантҳои тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Минск таҳсил мекунанд, ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Маҳмуд ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба раванди имзошавии ҳуҷҷатҳои таърихии сулҳ ва ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ва инчунин муҳимияти таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ибрози андеша кард. Бахусус, таъкид гардид, ки дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, таъмини амнияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ ва саҳми бебаҳо доранд.
Ҳамзамон роҳбарият ва фаъолони Иттиҳодияи байнамлилалии ҷамъияти тоҷикон “Сомониён”, маҳфили “Бонувон” ва Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, доир ба ин чорабинии муҳими таърихӣ андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ филми кӯтоҳ дар бораи Тоҷикистон ва дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият намоиш дода шуд ва инчунин барои ҷамъомадагон зиёфати идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj