Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинг дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб бахшида ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028

2 июли соли 2018 брифинги Сафорати Тоҷикистон дар АМА бахшида ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028 баргузор гардид.

Дар брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи АМА, аз ҷумла Агентии иттилооти Аморот “ВАМ”, рӯзномаҳои “Халиҷ Таймс”, “Ал Иттиҳод”, “Галф Нюз”, “Халиҷ ал Арабия ”, маҷаллаи “Абу Забӣ- Муҳити зист” ва намояндаи Идораи обу корезии Абу Забӣ, иштирок намуда, миёни иштирокдорон матнҳои пурраи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Эъломияи поёни Конфронс паҳн гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj