Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабинии канории ҳайати Тоҷикистон роҷеъ ба муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

19 июли 2018 дар чаҳорчӯби Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2018) дар қароргоҳи СММ бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон чорабинии канорӣ бахшида ба муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (20-22 июни 2018, Душанбе) баргузор гардид. Чорабинии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии Канада, Миср, Россия, Таиланд, Сингапур ва Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, ЮНЕСКО, СММ-Об, Бонки Ҷаҳонӣ ва Маркази молиявии Ҳамкориҳои Ҷануб-Ҷануб доир шуд, намояндагон ва мутахассисони зиёда аз 60 кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалиро гирдиҳам овард.

Дар баробари маърӯзаи Ҳамраиси Кумитаи ҳидояткунандаи Конфронси Душанбе - Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ҳамчунин Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Лию Женмин, Вазири об, ирригатсия ва барқи Ҳабашистон Селеши Авулачев, Вазири банақшагирӣ ва рушди Тринидад ва Тобаго Камилле Робинсон-Регис, Вазири захираҳои оби Сиерра Леон Ҷонатан Тенгбе, Директори бахши глобалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба об Ҷенифер Сара ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.

С. Раҳимзода зимни суханронии худ ҳозиринро бо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 20-22 августи соли равон дар ш. Душанбе доир гардида буд, шинос намуд. Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирии минбаъдаи амалисозии ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” даъват ба амал овард.

Муовини Дабири Кулли СММ миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории муваффақомези Конфронси Душанбе изҳор намуда, қайд кард, ки “СММ омодааст, то дар оянда низ чорабиниҳои дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028 баргузошавандаро дастгирӣ намояд”.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj