Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) ҷаноби Ли Ёнг

19 июли соли 2018 дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Вена, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) ҷаноби Ли Ёнг мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNIDO, раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби кишварҳои донор ба татбиқи марҳилаи нави лоиҳаи “Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва  кашидадӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуданд.

Исматулло Насредин аз ҷаноби Ли Ёнг ва ниҳоди зердасти ӯ ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, дастгирӣ дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 ва мусоидат барои идомаи марҳалаҳои нави лоиҳаҳои UNIDO дар Тоҷикистон даъват ба амал овард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj