Тоҷикӣ | Русский | English  

Пресс-релиз аз натиҷаи вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Абдилдаев (21 июли соли 2018, ш.Чолпон-Ато)

21 июли соли 2018 дар ҳошияи вохӯрии машваратии вазирони корҳои хориҷии ОМ дар ш.Чолпон-Ато мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Абдилдаев баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, суръат бахшидан ба раванди делимитатсияи сарҳад, ҳалли масъалаҳои обу энергетикӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  сурат гирифт.

Зимни мулоқот, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар татбиқ намудани созишҳое, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2018 ба даст омаданд, таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки  рушди ҳамкориҳои дуҷониба самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки  муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хизмат хоҳанд кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj