Тоҷикӣ | Русский | English  

Хабар оид ба куштори Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола дар шаҳри Серпухово

Куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод,  боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид.

Ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ёддошт фиристода шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия  даъват намудааст, то  тафтиши комили  ҷинояти ваҳшиёна, ки  нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба  ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.
 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj