26 июли соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт З. Зубайдзода бо Раиси Шӯрои илм ва фарҳанги Давлати Кувайт Алӣ Ҳусейн ал-Юҳо баргузор гардид, ки зимни он масоили ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ байни ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Сафорат тасмим гирифтааст, ки дар доираи ин чорабинӣ Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳо, дарбаргирандаи намунаҳои дастовардҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон аз қабили корду табақ, маҳсулоти оҳангариву заргарӣ ва либосҳои мардумиро баргузор намояд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли равон чорабинии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар Давлати Кувайт танзим намоянд.