Тоҷикӣ | Русский | English  

Семинар аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе

27 июли соли 2018 дар ш. Токио дар маҷлисгоҳи Вазорати замин, нақлиёт, инфрасохтор ва сайёҳии Япония семинар роҷеъ ба муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (20-22 июни соли 2018 дар ш. Душанбе) баргузор гардид.

Дар кори семинар роҳбарони департаментҳои соҳавии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати замин, нақлиёт, инфрасохтор ва сайёҳӣ, Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технология, Вазорати иқтисод, савдо ва саноат, Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварии кишвари иқомат, намояндагони Агентии оби Япония, донишмандон ва коршиносони Япония иштирок намуданд.

Нишасти мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар ҳамкории муштарак бо Анҷумани оби Япония ва мусоидати сохторҳои давлатӣ ва коршиносони маҳаллии соҳаи об ташкил карда шуд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ, Дабири кулли Анҷумани оби Япония профессор Котаро Такемура дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбарӣ ва ҳалли воқеии мушкилиҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва тадбирҳои пешгирифтаи нав дар доираи татбиқи ташаббуси даҳсолаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи об баромад намуд. Доктор Такемура ҳамчунин дар бораи сиёсати пешгирифтаи Япония вобаста ба барномаҳои қабулшудаи ҷаҳонии СММ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор, Масъулияти иҷтимоии корпоративӣ, сармоягузорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ ва иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорон дар татбиқи ин ҳадафҳо сухан намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ зимни баромади худ ба таври муфассал дар бораи сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи об ва санитарӣ сухан ронда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои анҷомдодашуда баҳри татбиқи он ташаббусҳо ва саҳми кишвар дар пешбурди Ҳадафҳои рушди устувори СММ ҷалб намуд.

Иштирокчиёни семинар аз натиҷаи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба таври муфассал иттилоъ ёфтанд.

Профессор Кензо Ҳирокӣ, ки ба сифати аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Конфронси Душанбе фаъолият намуда буд, зимни баромади худ дар бораи иштирок дар раванди таҳияи қатъномаи СММ оид ба даҳсолаи нави об, таърихи қабули он ва самтҳои асосии муколамаи об баъд аз Конфронси Душанбе сухан кард. Доктор К. Ҳирокӣ ба ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва узвияту иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъкид намуд. Ӯ иштирокчиёни семинарро бо таърихи ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об аз замони таъсис ёфтани СММ, натиҷаҳои бадастомадаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувор дар ин самт шинос намуд. Дар охир, доктор К. Ҳирокӣ қайд намуд, ки даҳсолаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳамчун “локомотив” (ҳаракатдиҳанда)- и қавӣ барои пешбарии талошҳои глобалӣ баҳри расидан ба ҳамаи масъалаҳои муайянгардида дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Иштирокчиёни бевоситаи кори Конфронси Душанбе низ дар чорабинӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, Мудири ҳамоҳангсози байналмилалии муҳандисии  Идораи идоракунии об ва офатҳои табиии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Япония Томоюки Окада дар бораи иштироки худ дар кори Конфронси байналмилалӣ ва сафарҳои қаблӣ ба Тоҷикистон нақл намудан таассуроти худро аз боздид аз НОБ-и Норак ва раванди татбиқи бомуваффақияти Роғун нақл кард.

Хонум Сае Ишиҳара, ки Анҷумани оби Японияро дар Конфронси Душанбе муаррифӣ намуда буд, дар бораи натиҷаи иштироки худ дар Конфронс ва нақшаи минбаъдаи Анҷумани оби Япония дар ин самт суханронӣ кард.

Дар рафти муҳокимаи минбаъда мавқеи ҳамсони Тоҷикистону Япония вобаста ба ҳалли масъалаҳои обӣ, талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиии марбут ба об, саҳми Ҳукумати Япония дар татбиқи тарҳҳои вобаста ба таъмини сокинони дурдасти ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ, таҷдид ва сохтмони иншооту хатҳои обгузари системаи обтаъминкунӣ, аз ҷумла қубурҳои обёрӣ ва мустаҳкамкунии соҳили дарёҳо қайд гардид.
Миёни иштирокчиён инчунин гуфтугӯи судманд ва мубодилаи афкор доир ба натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе, тақвияти ҳамкориҳои кишварҳо дар самти рушди устувор сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj