Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе

30 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ,

Фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрванди Конфедератсияи Швейтсария бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед”.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj